Имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво мусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз, 29 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +1 + 6 ва рӯзона +7 +12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +29 +31 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"