Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо дастгирии техникии барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил семинари омӯзишӣ байни аъзои кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ (КМТ) баргузор гардид. Дар семинар барои тарғиби роҳҳои пешгирии бемории сил ва тарзи ҳаёти солим маслиҳатҳо дода шуд.
Дар семинар аъзои КМТ аз ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Фархор ҷалб гардиданд.
Ёдрас менамоем, ки бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии интихобшуда дар сатҳи ноҳия ва ҷамоатҳо кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ таъсис дода шудаанд, ки вазифаи онҳо баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ оид ба бемории сил, ҷалби беморон барои супоридани ташхиси саривақтӣ, ба табобати пурра фаро гирифтан ва инчунин паст кардани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба беморони сил мебошад.
Пас аз омӯзиш аъзои кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ метавонанд байни митақаҳои худ барои пешгирии бемории сил корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.