11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Зимнан, Пешвои миллат аҳамияти Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, махсус таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини ҳарчӣ зудтари амнияти онро зикр карданд.