Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бо сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид.
Тавре маълум шуд, дар ин сардхона имкони нигоҳдории то 1000 тонна меваю сабзавот мавҷуд буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Субҳи Сарбанд» бунёд гардидааст.
Сардхона бо технологияи муосир ба маблағи 2 миллиону 645 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он нигоҳдории маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Баробари ба истифода додани сардхонаи мазкур 25 нафар сокинони шаҳри Сарбанд бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Коргарону мутахассисони сардхонаи мазкур аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорон бунёд гардидааст, изҳори хушнудӣ карданд.
Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёд ва ба истифода додани чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд.
Дар шафати сардхона коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластики мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар як шабонарӯз то 1500 дона қутӣ истеҳсол мекунад.Чунин қуттиҳои пластики қаблан аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон ворид карда мешуд. Минбаъд хоҷагидорон имкон доранд бо нархи дастрас аз ин коргоҳ қуттиҳои пластикиро харидорӣ намоянд.
Солҳои охир бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид садҳо гектар боғу токзори нав бунёд карда шуда, бо аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан зиёд гардид.
Маҳз бо назардошти фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот зарурати бунёди чунин сардхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миён омад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» Президенти мамлакат ба масъулон дастур дод, ки оянда барои нигоҳдории бештари маҳсулоти кишоварзӣ дар дигар шаҳру ноҳияи мамлакат бо ҷалби соҳибкорон бунёди чунин сардхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосирро ба роҳ монанд.