Дар шаҳри Будапешт бо ибтикори Ҳукумати Венгрия, ки имсол раёсати гурӯҳи кишварҳои чаҳоргонаи Вишеградро бар уҳда дорад, 27 феврал нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин гурӯҳ (Венгрия, Полша, Чехия ва Словакия) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавер аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, иқтисод, тиҷорат, сармоя, маориф, сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия ҷалб намуд.
Ҳамчунин бо дарназардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Тоҷикистон, М. Ҳусейнзода аз ширкаткунандагон даъват ба амал овард, ки дар таҳкими зарфиятсозии инфрасохтор ва саноати сайёҳӣ, инчунин рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монанд.
Дар арафаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз кишварҳои иштирокдор барои дар сатҳи шоиста ширкат кардан дар муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар ш. Ню Йорк, моҳи марти 2018 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар ш. Душанбе, моҳи июни 2018 даъват ба амал овард.
Тибқи барномаи нишасти мазкур, иштироккунандагон дар масоили марбут ба роҳандозии ҳамкории байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Марказӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ миёни ду минтақа бо тамаркуз ба масъалаҳои обу энергетика ибрози назар намуданд.
АМИТ "Ховар"