Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо баҳри иштирок дар мусобиқаи Гранд Слам ба шаҳри Дюсселдорфи Германия сафар намуд. Мусобиқаи мазкур аз 23 то 25 феврал дар ин шаҳр доир мешавад.
Тавре дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо омадааст, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа дар 4 вазн муҳориба мекунанд: Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров дар вазни -73 кг, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов дар вазни -100 килограмм.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Гранд Слами Дюсселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок доранд.
АМИТ "Ховар"