Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни фавтидагони садамаи суқути ҳавопаймо дар вилояти Москва, ки 11 феврал рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи якшанбе, 11 феврали соли 2018 ҳавопаймои ширкати ҳавоии «Саратов»-и Россия баъди 7 дақиқаи оғози парвозаш аз фурудгоҳи Домодедово дар вилояти Москва суқут кард. Бар асари ин фоҷиа 71 нафар, аз ҷумла, 65 мусофир, бо шумули се кӯдак ва 6 узви ҳайати сарнишинон ба ҳалокат расиданд.
Дар робита ба ин фоҷиа имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи таслият ирсол намуданд.
АМИТ "Ховар"