30 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо муовини Раиси шаҳри Лиенюнгани музофоти Тзянсу хонум У Хайюн баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Лиенюнган У Хайюн ҷиҳати иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар Панҷумин ЭКСПО-и байналмилалии логистикии Роҳи абрешими Чин, ки моҳи сентябри соли равон дар ш.Лиенюнган баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкорӣ дар масоили интиқол додани молу колои Тоҷикистон аз тариқи бандари муосири баҳрии шаҳри Лиенюнган изҳор назар намуданд.
АМИТ "Ховар"