Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31 – уми январи соли 2018 соати 10:00 дар бинои Кумита (ошёнаи дуюм) оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Дар назар аст, ки дар нишасти матбуотии Кумита аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод гардида, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои лозима ироа мегардад. Инчунин, роҳбарияти Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб хоҳанд гуфт.