«Андалеб 2016»: санъаткорони ҳисорӣ 95 хол ба даст оварданд

Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳаваскорони ноҳияи Ҳисор дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии худро пешкаши мухлисону   доварон гардониданд.
Суруди якка бо номи  «Тоҷикистон» дар иҷрои ҳаваскор Равшан Додарбеков  аз ҷониби ҳаводорони санъати мусиқӣ  хуш пазируфта шуда,  доварон   онро сазовори 10 хол донистанд.
Инчунин ҳакамон маҳорати баланди Фарҳодҷон Сафаровро дар  овозхонӣ ҳангоми иҷрои суруди ҳаҷвии «Лофи арақхӯр» таъкид намуда, бинобар такрорӣ будани мавзӯъ онро   ба  9,3 хол сазовор донистанд. Дар маҷмӯъ, ноҳияи Ҳисор 95 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем,  аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   ва ноҳияи Файзобод бо 100,6 холӣ пешсафанд.

Tags: