Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намудааст. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахфифи мазкур дар асоси барқияномаи ширкати роҳи оҳани кишвари ҳамсоя –«Ӯзбекистон темир йуллари», ки ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
Гуфта мешавад, ки зимни истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқлӣ барои интиқоли ҳамаи намуди борҳо 40% сабукӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин ҷиҳати истифодаи қитъаи роҳи оҳани Қароқалпоқистон-Қудуқлӣ барои маҳсулоти нафтӣ 30% ва барои дигар борҳо то 50%, ҳамзамон тавассути қитъаи роҳи оҳани Хоҷадавлат-Қудуқлӣ 40 % тахфиф пешниҳод шудааст.
АМИТ "Ховар"