«Паёми Пешвои миллат- заминаи рушди соҳаи сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа ва ҳунармандон иштирок доштанд.
Ҳадафи ҷамъомадро раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода дар омӯзиш ва иҷрои нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои давлат ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.
Тамоми иштирокдорон аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат барои дастгириҳои доимӣ ва ҳамаҷонибаи бахши сайёҳӣ минатдории худро иброз доштанд.
Ба маълумоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар айни замон нақшаи чорабиниҳои мукаммал барои дар сатҳи сазовор гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омода шуда истодааст, ки дар ин раванд тамоми ширкатҳо ва ҳунармандон низ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамзамон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиш байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа ҷиҳати имтиёзҳои пешбинигардидаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ширкатҳои сайёҳӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бояд зикр намуд, ки соли 2018 дар мамлакат доир гардидани як зумра ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки онҳо метавонанд нуфузи давлати моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд.