14-15 декабр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 131-уми Шӯрои ҳамкории гумрукии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук баргузор шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб узви Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук мебошад. Узвият ба ин Созмони бонуфуз имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Хадамоти гумрук аз мусоидат ва ҳамкории назарраси Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар самтҳои такмили қонунгузории гумрукӣ, модернизатсия ва ислоҳоти мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамшаклии расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, мубодилаи маълумот миёни хадамоти гумруки кишварҳои ҷаҳон, омӯзиши кормандони мақомоти гумрук, инчунин аз хизматрасониҳои машваратию иттилоотии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба фаъолияти гумрукӣ бархурдор гардидааст, ки он ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва муовини Вазири иқтисод ва молия, Президенти Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Фруд Асғарӣ Ёддошти тафоҳум оид ба амалӣ намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ ҷиҳати иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд.
АМИТ "Ховар"