Вакилони Парлумон ғалла ва маҳсулоти коркарди онро баррасӣ карданд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов зимни баррасии масъалаи мазкур  таъкид намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар қиёс ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла» фарқиятҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Дар лоиҳаи Қонун заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он (боби 2) ифода ёфтааст, ки раванди истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тайёркунӣ, фурӯш, воридоту содирот, истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди онро танзим менамояд.
  2. Асосҳои ҳуқуқии таъйиноти захираҳои давлатии ғалла бо дарназардошти захираҳои маҳсулоти коркарди он дар лоиҳаи Қонун ҳамчун боби алоҳида пешбинӣ шудаанд. Дар Қонуни амалкунанда масъалаи мазкур танҳо дар 1 модда (моддаи 10) ифода гардидааст.
  3. Ҳамчунин принсипҳои ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, бақайдгирии миқдору сифати ғалла, принсипу усулҳои танзими давлатӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқолу истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои дастгирии давлатӣ ва самтҳои он, талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар моддаҳои алоҳида мушаххас ифода ёфтаанд, ки дар Қонуни амалкунанда пешбинӣ нагардидаанд.

Лоиҳаи Қонун аз 6 боб ва 36 модда иборат мебошад. Дар боби 1 муқаррароти умумӣ (моддаҳои 1 — 9) мафҳум, принсипҳои ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, бақайдгирии миқдору сифати ғалла пешбинӣ гардидаанд.

Дар боби 2 (моддаҳои 10 — 17) муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, боби 3 иборат аз 6 модда (моддаҳои 18-23) танзим ва дастгирии  давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он мушаххас пешбинӣ карда шудаанд.

Дар боби 4 (моддаҳои 24-30) заминаи ҳуқуқии таъмини сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он, боби 5 (моддаҳои 31-33) ташкил ва таъйиноти захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он ва боби 6 муқарроти хотимавӣ (моддаҳои 34-36) пешбинӣ карда шудаанд.

Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи Мардумии Парламенти (Лок-Сабҳа) Ҷумҳурии Ҳиндустон, Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Меҷлиси Туркманистон, Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мажилиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум,  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

​​АМИТ "Ховар"

Tags: