Дар мулоқот бо ҳайати кормандони корхонаи «Газ» дар Нижний Новгород Владимир Путин тасдиқ намуд, ки ният дорад номзадиашро дар интихоботи президентии соли 2018 пешбарӣ кунад.
Суханронии президенти Россияро шабакаи телевизионии «Россия 24» ва сомонаи «Вести.Ru» пахш намуданд.
Путин ба корхонаи мошинбарории Горковск барои табрики ҳайати кормандон бо 85-солагии ин корхона омада буд.
«Ман номзадиямро ба мақоми Президенти Федератсияи Россия пешбарӣ хоҳам кард»,-гуфт В. Путин ва афзуд, ки шояд барои эълони қарори худ ҷой ва мавриди аз ин хубтар намеёфт.
Путин дар мулоқот бо ҳайати ин корхона ҳамчунин изҳор дошт: «Россия фақат ба пеш меравад ва аз ин роҳи пешрафт ягон кас ва ҳеҷ гоҳ онро боздошта наметавонад».
АМИТ "Ховар"