Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси идории Шӯрои палатаҳои тиҷоратии мамлакат Аҳмад Сулаймон Роҷиҳӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ миёни сохторҳои хусусии ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Дар мулоқот зарурати табодули сафарҳои шиносоии намояндагони ширкатҳои хусусӣ, хусусан ширкатҳои сайёҳии ду кишвар аз ҳарду ҷониб таъкид гардид.
АМИТ "Ховар"