Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ

аз 28 ноябри соли 2017 №77-ф
ш. Душанбе

 

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба Давлатзода Нусратулло — Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфатоҳи Ғоиб — Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон