Имрӯз дар ҳошияи нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ба иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум аз 11 модда иборат буда, ҷонибҳо уҳдадор шудаанд, ки ҳамкорӣ ва табодули дуҷонибаро мутобиқ ба қонунгузориҳои миллӣ ва давлатии тарафҳо ба роҳ монанд, дар асоси шартномаҳои дуҷониба оид ба ҳаёти фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла, оид ба чорабиниҳои байналмилалие, ки дар давлатҳои тарафҳо гузаронида мешаванд, мубодилаи афкор намуда, иштироки намояндагони хешро дар чунин ҳамоиши фарҳангӣ таъмин намоянд.
Тибқи ин Ёддошт тарафҳо ҷиҳати табодули нашрияҳову мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар ҳамкории қавӣ ба роҳ мемонанд, дар бахшҳои ҳифзу нигаҳдорӣ, таҳқиқ ва таъмиру тармими китобҳои таҷассумгари мероси фарҳангӣ ва инчунин ҷиҳати табодули нашрияҳову мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои марбута ҳамкориро тақвият мебахшанд. Ҳамзамон ҳамкориро дар бахши маводи чопӣ ва электронӣ мувофиқи қонунгузории давлатҳои тарафҳо ба роҳ монда, дар бахшҳои гуногуни мубодилаи китоб, нашриёти даврӣ, нашриёт оид ба фарҳанг ва ҳунар ривоҷ дода, ҳамчунин ширкати намояндагони худро дар намоишҳои байналмилалии китоб, ки дар давлатҳои тарафҳо баргузор мегарданд, таъмин мекунанд
Ба Ёддошти тафоҳум директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода ва директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон, профессор Карим Тоҳиров имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ идома дорад.
АМИТ "Ховар"