Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол-2017»- ро эълон менамояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмуни мазкур миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он, пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор мебошад.
Пешниҳоди номзадҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 декабри соли равон қабул карда мешаванд.
АМИТ "Ховар"