«Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!»- силсиламашқҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиламашқҳои оммавӣ–варзиширо ба нақша гирифтааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд,
тадбирҳои оммавӣ-варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи  пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!» 24 ноябр доир мегарданд.

Мақсад аз баргузории машқҳои мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардид. Сокинон метавонанд дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мешаванд, ширкат намоянд.

Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ аз гардиши майдони Товус  то Наврӯзгоҳ  дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 гузаронида мешаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: