Дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии фахрии Иёлоти Муттаҳидаи Мексика ифтитоҳ меёбад. Ин матлабро Сафири тозаинтихоби Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жозе Алфонсо Зегбе Камарена шоми дирӯз баъд аз супоридани Эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд. Ба андешаи дипломати мексикоӣ, яке аз рисолат ва вазифаҳои муҳим ва калидии ин ниҳод, пеш аз ҳама, ҷаҳду талоши бештар ҷиҳати пешбурди муколамаи байни кишварҳо, ташвиқу тарғиби фарҳанги Мексика ва мусоидат ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо хоҳад гардид. Номбурда дар баробари ин аз мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон низ даъват ба амал овард, ки барои ифтитоҳи Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мексика низ талош намоянд.
Ба андешаи Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории минбаъда дар соҳаи тағйирёбии иқлим, об, рушди устувор ва танзими муҳоҷират дорои иқтидори бузург мебошанд.
«Бо таъсиси додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар, ҳамкории техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани табодули таҷриба дар муассисаҳои олӣ, танзими муҳити зист, захираҳои обӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад»,-хулоса намуд номбурда.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар баробари Мексика боз 7 сафири нав эътимодномаҳои худро ба Пешвои миллат тақдим намуда, нақшаҳо ва ниятҳои ин кишварҳоро ба хабарнигорон иброз намуданд. Аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Иванишевич изҳор кард, ки Аргентина ҳавасманди ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ буда, барои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба маълумоти номбурда, аллакай муҳандисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз Аргентина боздид карда, таҷрибаи бои соҳаи кишоварзии қисмати шимолу ғарбии ин кишвар-Патагонияро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Канада Николя Бруссо Канада ва Тоҷикистонро дар ҳошияи иштирок дар созмонҳои бисёрҷонибаи ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ ва САҲА шарикони боэътимод номида, афзуд, ки ин ду кишвар дар якҷоягӣ ҷиҳати рафъ намудани мавзӯъҳо ва чолишҳои марбут ба амнияти минтақавӣ, мавзӯъҳои перомуни тағйирёбии иқлим ва вобаста ба об ҳамкории зич ва шарикиро ба роҳ мондаанд.
Ба нақли Николя Бруссо, «пас аз маросими супоридани эътимоднома бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вуҷуд доштани ҳамкории судманд дар мубориза бар зидди падидаҳои тағйирёбии иқлим, дар соҳаи об, мушкилот ва чолишҳои Афғонистон ва дигар арсаҳое, ки метавонем ҳамкории хубу муфид ба роҳ монем, сурат гирифт».
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чили дар Тоҷикистон Родриго Хосе Нйето Матурана низ ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, илму маориф ва сайёҳӣ изҳор намуда, зикр дошт, ки бо мақсади дарёфт намудани самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур ният дорад бо намояндагони босалоҳият ва мақомоти масъули Тоҷикистон гуфтушунидҳоро анҷом диҳад.
Сафирони навтаъйин ваъда доданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.
АМИТ "Ховар"