8 ноябр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази Суғд ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳайати роҳбарият ва афсарони сохтори мазкур дар вилоят, муовини Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, собиқадорони соҳа, ҳамчунин гурӯҳи намояндагон аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат доштанд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шариф Назарзода ҷамъомадро оғоз намуд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонд. Дар ҷамъомад як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати корҳои дохилӣ, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзе қабл бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар назди Раёсати ВКД дар вилоят иншооти навбунёд – варзишгоҳ, майдони волейболу футбол, тамрингоҳ, ошхона, макони истироҳат ва хобгоҳи ротаи 4-уми Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи вилоят бо фарогирии тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор дода шуд.