6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ” роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ нахуст аз болои муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукӯҳро мавриди истифода қарор доданд. Муҷассама аз ҷониби арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд. Мақбара бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд шуда, дар он нақшу нигори миллӣ ба таври моҳирона ҳаккокӣ карда шудааст. Масоҳати умумии мақбара 160 метри мураббаъ буда, роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудааст.
Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.
Корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони вилоят ва шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.
Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Айнӣ қомат афрохт ва солҳои охир масъалаи таъмиру азнавсозии он ба миён омада буд.
Бо назардошти таъмирталаб будани он бо ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат ва бори дигар аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла барои муаррифии миллати тоҷик, фарҳангу адабиёти оламшумули он ва дар марҳилаи тақдирсоз аз давлати тоҷикон пуштибонии амиқ намуданаш, амалӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ сазовор донистанд ва имрӯз бо азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ин ҷо қарор дорад, руҳи ӯро шод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун амалӣ гардидааст. Якчанд хиёбону кӯчаҳо ва муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда, муҷассамаву нимпайкараҳояш қомат афрохтааст. Калонтарин Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи устод Садриддин Айниро гирифтааст.
Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукӯҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба барномаҳои гуногун дастур доданд.
Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Дар ҳудуди боғ ҳамчунин 50 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.
Акнун Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт. Имкон аст, ки минбаъд дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.