19 октябри соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Холназаров ва муовини Вазир-Сарпарасти Хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Саид Алҳам Алзоҳирӣ машваратҳои консулӣ баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳои консулӣ роҳбарони бахши консулӣ масоили ҳамкории дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои хариду фурӯши одамон, сайёҳӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
АМИТ "Ховар"