17 октябр бо ибтикори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон сеюмин маърӯзаи ҷашнӣ дар мавзўи «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, дар ҳамоиши ҷашнӣ директори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гоҳш, донишмандон ва олимони ҷавон ширкат намуданд.
Директори Институт зикр кард, ки мушкилоти замони муосир ва низоъҳои гуногуни ҷаҳон дар минтақаҳо ва ҷаҳон, ки рўз то рўз печида мешаванд, махсусан олимон ва коршиносонро водор месозанд, ки роҳҳои ҳалли онро пайдо кунанд.
«Ягона роҳе, ки дар ин вазъият боқӣ мемонад, ин истифода аз неруи нарм ё гуфтугўи фарҳангҳою тамаддунҳо мебошад. Зимни ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ мо, олимону коршиносон ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, бо асолати миллии ҳар фарҳангу тамаддун огоҳ мешавем. Имрўз марҳилае расидааст, ки мо бо бештари фарҳангҳо шинос шавем, зеро танҳо аз роҳи шинохт метавон тамоми мушкилоти имрўзаро зудтар аз миён бардошта, роҳи ҳалли муносибе пайдо кард»,-зикр намуд Ёрмаҳмад Ниёзӣ.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки дар ҷаҳони муосир фарҳангҳое бояд равнақу ривоҷ ёбанд, ки фарҳанги инсонсолорӣ, таҳаммулгароӣ ва гуногунфарҳангиро барномаи давлативу ҷомеаи мадумписанд қарор диҳанд.
Ба гуфтаи Ёрмаҳмад Ниёзӣ, фарҳанги Ҳинд бо гуногунфарҳангӣ ва таҳаммулгароии худ яке аз намунаҳои беҳтарин барои тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон низ метавонад аз бисёр таҷрибаҳои пешрафтаи кишвари Ҳиндустон дар самтҳои гуногун истифода кунад.
Дар ҳамоиш дар мавзўи «Муштаракоти мусиқии Тоҷикистону Ҳинд» сухан рафт. Гуфта шуд, ки мусиқии Ҳинд дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷаззобтарин мусиқиест, ки ба дили ҳар як тоҷикистонӣ роҳ ёфтааст ва тахайюлоти рангинеро дар зеҳнияти инсон ангеза медиҳад.
АМИТ "Ховар"