Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор нафар занони соҳибкор ба ҳайси роҳбари ширкату корхонаҳо фаъолият доранд, ҳол он ки ин омор дар солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии кишварамон беш аз 60 нафарро ташкил медод.
Манучеҳра Мадҷонова, мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 13 октябр зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе оид ба дастгирии соҳибкорӣ байни занон ва рушди ҳунармандӣ гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ дар байни бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон шаҳодати ин гуфтаҳост».
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ҳиссаи бонувони соҳибкор 24 фоизи субъектҳои соҳибкории дар ҷумҳурӣ фаъолро ташкил медиҳад. Инчунин 25 % хоҷагиҳои деҳқонии кишварро занон роҳбарӣ менамоянд. Бонувони соҳибкори тоҷик дар бахши кишоварзӣ ва хизматрасонӣ фаъолияти чашмрас ва муваффақона доранд. Дар ин росто нақши занони соҳибкори тоҷик дар рушди иқтисодиёти миллӣ муассир арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиш оид ба дастгирии соҳибкорӣ байни занон ва рушди ҳунармандӣ дар доираи таҷлили сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар шарикони рушд аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории бонувон, ҳунармандӣ ва рушди он дар Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои рушди соҳибкорӣ дар байни бонувони тоҷик матраҳ гардид.
Дар ҳамоиш ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ», рушд ва дастгирии ҳунармандӣ дар Тоҷикистон ва натиҷаҳои таҳлили ҷанбаҳои гендерии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки иштирокдорон дар рӯзи дуюми ҳамоиш масъалаҳои марбут ба андозбандии фаъолияти ҳунармандӣ, имтиёзҳои андозию маъмурӣ, банақшагирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба роҳ мондану тақвияти ҳамкорӣ байни ҳунармандонро баррасӣ намуда, таклифҳои судманд пешниҳод созанд.
АМИТ "Ховар"