«Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар остонаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он адибону забоншиносон ва кормандони Марказ итирок намуданд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол» сухан карда, афзуд, ки забони тоҷикӣ дар шароити мушкили таърихӣ маҳз бо саъю талоши донишмандон ва гурӯҳи равшанфикрони тоҷик дар соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушду густариш ёфта, дар тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон коргузорӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир ба «Эҳёи забон, нақши адибони тоҷик дар масири таърих» маърӯза намуда, таъкид сохт, ки забони тоҷикӣ дар даврони сулолаи Сомониён эҳё гардида, ташаккул ва мақоми давлатӣ касб намуда буд. Ба забони нобу шевои тоҷикӣ қофиласолори назми тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шоирони бузурги тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл шеър гуфтаанд ва он то ҳанӯз бузургиву равонии худро ҳифз намудааст.
Дар ҳамоиш ҳамзамон Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва кормандони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва Қиёмиддин Сатторӣ дар мавзӯъҳои «Забони давлатӣ ва ҷомеа», «Пешвои миллат ва забони миллӣ» ва «Забони тоҷикӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ» ва дигар паҳлӯҳои ташаккули забони давлатӣ маърӯза карданд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ҳар як фарди миллатдӯст ва соҳибони забони тоҷикиро мебояд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзи асолати забони давлатӣ аз ҳар гуна омилҳои замони муосир кӯшиш намояд, зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории ҳар халқу миллат аст.
АМИТ "Ховар"