Дар оянда дар Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад. Дар ин росто 2 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилон тавзеҳ дод, гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ таҳия шудааст. Вазири адлия афзуд, ки дар асоси моддаи 178 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар зарфи се моҳ аз пардохти алимент барқасдона саркашӣ менамоянд, ба муҳлати то се сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйирот ворид карда шуд.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умаров масъалаи мазкурро шарҳ дода, гуфт, ки «ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур барқарор намудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, маҳсуб мешавад».
АМИТ "Ховар"