Парлумон Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои СААД-ро ба тасвиб расонид

Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ, Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани низоми ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои СААД аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба онро имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд

Санадҳои мазкурро дар назди вакилони Парлумон Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, гуфт, ки онҳо дар тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои СААД нақши муассир мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ин Созишнома 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

АМИТ "Ховар"

Tags: