Дар Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Германия баргузор мегарданд

Сафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Франкфурти соҳили Майн ба дафтари марказии Бонки рушди Германия (KfW) ташриф оварда, бо ваколатдори минтақавии Бонки мазкур оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқӣ Мишаел Эверс мулоқоти корӣ анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Германия дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ-техникӣ ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи Германия маблағгузорӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба машваратҳои навбатии байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Германия, ки моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, табодули назар карданд.
Дар мулоқот инчунин Курт Штрассер, роҳбари кишварии Раёсати Осиёи Марказии Бонки рушди Германия ширкат намуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: