Ифтитоҳи расмии хатсайри қатораи боркаш аз Бандари Ганҷоу ба самти Тоҷикистон

24 сентябри соли равон дар шаҳри Ганҷоу маросими расмии ифтитоҳи хатсайри қатораи боркаш аз бандари Ганҷоуи музофоти Ҷиангсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба самти Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Ганҷоу ба хабаргузории Синхуа маълумот доданд, қатораи мазкур аз 41 вагони дорои маҳсулоти рӯзгор — ҷиҳози хона, техникаи маишӣ ва либосворӣ иборат буда, тариқи гузаргоҳи наздисарҳадии Алашанкоу (Синзян) тариқи 15 рӯз ба Тоҷикистон мерасад.
Имрӯзҳо аз Бандари Ганҷоу ба самти Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Полша ва Германия хатсайрҳои ба ин монанд ҳаракат мекунанд.

АМИТ "ХОВАР"