Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Нобиға» аз чоп баромад

Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Нобиға», ки ба қалами профессор Усмонҷон Ғаффоров ва номзади илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов тааллуқ дорад, аз нашр баромад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, китоби  мазкур ба таҳқиқу баррасии рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, олим ва муаррих бахшида шудааст.

Манбаъ иттилоъ дод, ки «китоб барои мутолиаи доираи васеи хонандагон пешниҳод шуда, дар он мақоми Бобоҷон Ғафуров-шахсияти барҷастаи таърихи миллати тоҷик ва густаришу таблиғи андешаи миллӣ бар асоси корномаҳо ва таълифоти ў шарҳу тавзеҳ ёфтаанд».  Тавре шоир фармудааст:

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Академик Носирҷон  Салимӣ дар пешгуфтори китоб навштааст, ки  «маҷмўа гуфторҳои нодири Бобоҷон Ғафуровро бар асоси сарчашмаҳои мухталиф, суҳбат бо афроде, ки бевосита ҳамнишини ин қаҳрамони миллати тоҷик буданд, гирд оварда, дорои аҳамияти хосса ва мероси маънавии ин фарзанди бузурги миллат маҳсуб меёбад».

«Нобиға» пас аз «Тоҷикшиноси бузург» дуюмин китобест, ки ба истиқболи 110 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров нашр гардидааст.

Tags: