Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат  таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Абдукарим Абдураҳим муовини якуми  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни шаҳрҳои Кӯлобу Истаравшан ва ноҳияи Шаҳринав бо сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати хизмат рухсат гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои ҷавону корозмуда таъин шуданд.

Тағироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД сурат гирифта, сардорони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияҳои Фирдавсӣ, Нуробод, Роғун, Шаҳринав, Шуғнон, Ишкошим, Ванҷ, Ҷайҳун, Муминобод, Темурмалик ва Носири Хусрав иваз карда шуданд.

Дар дастгоҳи марказӣ ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ тағироти кадрӣ ба амал омад. Ҳайати якчанд раёсат ва роҳбарии қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа аз ҳисоби кадрҳое, ки Донишгоҳу Донишкадаҳои ҳарбии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимоти  низомиро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон хатм карда, дар ҷумъу томҳои сохторҳои  қудратии  мамлакат  таҷрибаи корӣ  андӯхтаанд, мукаммал гардонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъингардидаро ба хизмати содиқона, садоқат ба давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла,  терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия таъкид намуд.

Дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки манфиатҳои давлату миллат- бахусус ҳаёти  осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Tags: