Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»-ро дар маркази вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки занону духтарони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳадаф аз баргузории фестивал- арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳони ватанӣ мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, фестивал аз се бахш- бахши либосҳои расмӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси либоси миллӣ, бахши либосҳои миллӣ барои духтарону занони аз 20 то 50 сола ва бахши либоси миллии арӯсӣ иборат буд.
Дар фестивали мазкур бонувони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуда, беш аз 150 намуди либосҳои миллиро ба намоиш бароварданд.
АМИТ "Ховар"