Занҳои ҳунарманди Хатлон дар Ӯзбекистон табодули таҷриба ва бозомўзӣ карданд

Бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии занҳои  соҳибкори Тоҷикистон 14 нафар  занони ҳунарманд, ки 11 нафарашон аз вилояти Хатлон  мебошанд,  ба  Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар карда,  давоми як ҳафта  табодули  таҷриба ва бозомўзӣ намуданд.

Тавре аз Ассотсиатсияи миллии занҳои  соҳибкори Тоҷикистон   иттилоъ  доданд, иқдоми  мазкур   дар  доираи  лоиҳаи «Соҳибкории  бонувон- воситаи  васеъ  намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» дар шаҳру  ноҳияҳои  Қўрғонтеппа, Бохтар, Вахш, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Ҷайхун ва  Шаҳритусу   Қубодиёни  вилояти Хатлон   амалӣ  мегардад.

Зимни сафари омўзишӣ занони ҳунарманди Тоҷикистон дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанду Бухоро ва Марғелон бо намояндагони Ассотсиатсияи миллии занҳои  соҳибкори  Ўзбекистон,   ҳунармандону соҳибкорзанони фаъол вохўрда, мубодилаи афкор ва таҷриба  намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: