Пагоҳ конференсияи байналмилалии «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар Осиёи Марказӣ-2017» барпо мегардад

29 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар Осиёи Марказӣ-2017» баргузор мегардад.

Тавре аз Институти мазкур хабар доданд, конференсияи байналмилалии имсола ба мавзӯи  «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар илм барои рушди устувор» бахшида шуда, дар бинои Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс меҳмонону олимон аз Германия, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: