Дар нимсолаи аввали соли равон баҳри назорати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ниҳодҳои марбута рейдҳои муштарак гузаронид.
Бино ба иттилои Сӯҳроб Рустамзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар натиҷаи рейдҳои муштарак 79 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шудааст. Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Исфара 15 ҳолатӣ, Бобоҷон Ғафуров 9, Панҷакент 7, Хуҷанд 5, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон, Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов аз 1 то 4 ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.