Бо баҳои ҷон: Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии КДАМ писарбачаи хурдсолро аз марг наҷот дод

Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Азимов дар вақти адои хизмат бо мақсади наҷот додани писарбачаи 10-сола ҷони худро дареғ надошта, ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои ӯ, ҳодисаи фоҷибор 4 август рух дод. Бахтовар Азимов барои наҷот додани писарбачаи хурдсол — Меҳрубони Ҷурахони 10-сола, ки дар об ғарқ шуда истода буд, худро ба об  андохта, ӯро аз марг наҷот медиҳад. Писарбача наҷот меёбад, вале мавҷи тезу тунди об, мутаассифона, сарбозро ба ҳалокат мерасонад.
Сарбози қаторӣ Бахтовар Азимов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз баҳори соли 2017 дар  Дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.
Масъулини қисми ҳарбӣ тасмим гирифтанд, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  маъракаҳои ёдбуди хизматчии ҳарбии фавтида ёрии моддӣ расонанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: