Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон

Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup, ки рӯзҳои 5-6 август дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Дар ин бора ТВ «Варзиш» хабар додаст.

Дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup ситораҳои футболи солҳои 1990 ва 2000-ум ширкат доштанд. Ин мусобиқа дар «Остона Арена» бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи “А” Олмон, Қазоқистон ва мунтахаби ҷаҳон, ба гурӯҳи “В” Италия, Португалия ва Русия дохил буданд. Ҳар як бозӣ аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат буд. Ба ҳайати ибтидоии дастаҳо шаш нафар дохил мешуданд.

Ғолибони гурӯҳҳо – мунтахаби ҷаҳон ва дастаи Русия – рӯзи 6-уми август барои ҷойи аввал мубориза бурданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид. Дар ҳайати дастаи ғолиб Роман Широков, Евгений Алдонин ва Виктор Булатов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Дмитрий Сенников ба самар расонд. Голҳои мунтахаби ҷаҳонро фаронсавӣ Венсан Кандела, Азамат Абдураҳимов узбакистонӣ ва фин Яри Литманен ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати мунтахаби ситораҳои ҷаҳон чунин буд: Христо Стоичков (Булғористон), Азамат Абдураҳимов (Ӯзбекистон), Александр Шовковский (Украина), Винсан Кандела (Фаронса), Яри Литманен (Финляндия), Алдаир (Бразилия), Гаиска Мендйета (Испания), Жереми Нжитап (Камерун), Мӯҳсин Муҳаммадиев (Тоҷикистон), Жан Пйер Папен (Фаронса), Эрнан Креспо (Аргентина).

Барои ҷойи севум мунтахаби Португалия дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби 13:7 шикаст дод. Ба ин тартиб, Португалия севум, Қазоқистон чорум, Италия панҷум ва Олмон шашум шуданд.

Tags: