20 апрел дар маҳаллаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зикр кард, ки «барои амалӣ намудани иқдоми наҷиби Пешвои миллат «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва инчунин Барномаи вилоятии соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Ашт дар доираи салоҳияти худ омодагии ҷиддӣ гирифта, барои таъмини аҳолии маркази ноҳия- шаҳраки Шайдон ва маҳаллаҳои нави аҳолинишини он бо оби тозаи нӯшокӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд».
Муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода иброз дошт, ки «бо иқдоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардид. Тибқи барномаи қабулгардида дар ҳама маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оби тозаи нӯшокӣ соли равон дастрас карда мешавад. Мо муайян намудем, ки дар вилоят аҳолии 280 деҳа аз набудани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд».
Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 170 ҳазор сомонӣ буда, аз ҳисоби корхонаи фаръии минтақавии №1 155 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 15 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дарозии чоҳи амудӣ 80 метрро фаро гирифта, тавоноии он дар як соат 160 м3 обро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳ боз 400 хоҷагии дигар ва беш аз 6 ҳазор аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
АМИТ "Ховар"