Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гусели сарбозоне, ки хизмати худро ба итмом расонидаанд, идома дорад.
Бо ин мақсад дар қисмҳои ҳарбии Кумита маъракаҳои тантанавӣ, ки дар он ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ ва вилояти Суғд баргузор гашта, дар он аз номи роҳбарияти кумита ба сарбозон миннатдорӣ барои хизмати содиқонаи онҳо изҳор карда шуд. «Шумо қарзи ҷавонмардии худро бо сарбаландӣ ва поквиҷдонона ба анҷом расонидед. Мо миннатдории худро ба шумо барои иҷрои намунавии вазифаҳои ҳарбӣ баён менамоем».
Дар маросим ба сарбозон билети ҳарбӣ, медал, диплом ва рутбаҳои ҳарбӣ супорида шуд.
АМИТ "Ховар"