Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳои мустақили мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар самти пешгирии ҳолатҳои даст задани кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию пешгирӣ, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, инчунин ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолони кишвар ибрози назар намуд.
Вобаста ба ин мавзӯъҳо, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда дар се моҳи аввали соли 2017 сухан гуфта, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ мулоҳизаронӣ карданд.
Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, бақайдгирии саривақтии ҷиноятҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ҷавонону ноболиғон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АМИТ «Ховар»