Дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Федератсияи Россия Фармони президенти Федератсияи Россия «Дар бораи омодагӣ ва баргузории Фестивали XIX ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён» нашр шудааст. Дар робита ба ин, барои омодагӣ ва баргузории фестивал Кумитаи тадорукоти фестивали ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён ташкил карда шуд. Раиси он муовини аввали Роҳбари маъмурияти президенти Федератсияи Россия Сергей Кириенко таъйин шуд.
Дар доираи фестивал як зумра чорабиниҳои федералӣ ва байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар тамоми минтақаҳои Россия Кумитаҳои омодагии минтақавӣ, ки ба ташкили ҳайатҳои иштирокдорони Россия машғул мешаванд, таъсис дода шудаанд. Шурӯъ аз моҳи октябри соли 2016 барои иштирок дар фестивал шаҳрвандони Россия ва дигар кишварҳо тавассути сомонаи расмии russia2017.com дархост ирсол кардаанд.
Фестивали XIX ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён бузургтарин чорабинии байналмилалӣ дар самти ҳамгироии ҷавонон хоҳад гардид. Чорабинии мазкур аз 14 то 22 октябри соли 2017 дар шаҳри Сочи баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар фестивал наздики 20 ҳазор иштирокдор ширкат варзанд, ки нисфи онҳоро шаҳрвандони кишварҳои 5 қитъаи замин- беш аз 150 давлат ташкил медиҳанд. Фестивал ҷавонони пешқадами сайёра, аз ҷумла роҳбарони ҷавонони созмонҳои ғайридавлатӣ, намояндагони касбҳои эҷодӣ, муҳандисон, рӯзноманигорон, омӯзгорону олимон ва сиёсатмадоронро ба ҳам меорад. Як зумра кишварҳои хориҷ ҳайатҳои худро бо беш аз 250 намоянда ташкил медиҳанд.
Бояд зикр кард, ки дар тӯли таърихи ҳаракати фестивал Россия бори сеюм мизбони чорабинии бузурги байналмилалӣ дар самти ҳамгироии ҷавонон мегардад. Ҷолиби диққат аст, ки соли 2017 на танҳо соли ҷашнӣ барои худи фестивал (аввалин фестивал соли 1947 баргузор шуда буд), балки барои ИДМ низ ҳаст: 60 сол муқаддам бори нахуст пойтахти собиқ ИҶСШ дарҳои худро ба рӯи ҷавонони тамоми сайёра боз карда буд. Он гоҳ ҷасорати Москва тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат оварда буд ва аксаран барои пойтахтҳои ояндаи фестивал меъёри баланд гардид.
АМИТ "Ховар"