Ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ боз се рӯзи наздик боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла боридани барфу борон то 7 апрел боқӣ мемонад. Дар водиҳо боришоти пуршиддату паёпай, дар манотиқи кӯҳии кишвар раъду барқ ва барфи тар дар назар дошта шудааст.
Таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хавфи омадани сел ва лағзиши тарма, ҳамчунин резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ аввал воситаҳои нақлиётии худро омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба ҷойҳои хатарзо, роҳандозии корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ, омодасозии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
АМИТ "Ховар"