Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили рӯнамои китобии Аслиддин Низомӣ бо номи «Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ», ки зери назари Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳарририи Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор нашр шудааст, баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур намояндагони илму адаби кишвар иштирок ва дар бораи китоби ин донишманди тоҷик сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки китоби Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ бо такя ба маъхазҳои зиёди олимони гузаштаи тоҷику форс ва бо истифода аз осори ба омӯзиши шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ бахшидашудаи муаллифони муосири тоҷик ва ҷаҳонӣ муносибати шеър ва мусиқиро мавриди таҳлил қарор додааст.
Дар китоб кулли ҷанбаҳои шашмақом дар муқоиса бо навъҳои пурғановати назми тоҷикӣ-форсӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, он барои доираи васеи муҳаққиқони мусиқӣ ва назми тоҷикӣ-форсӣ ва ҳамаи дӯстдорони ҳунари қадимаи тоҷикон-шашмақом пешбинӣ карда шудааст.
АМИТ «Ховар»