Хатлон: вохӯриҳои судманд оид ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон

Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мавзӯъҳои ба ҷиноят ва худкушӣ даст задани ноболиғон, нашъа ва зарари он, фаҳмондани иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» суҳбату вохӯриҳо доир намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, мақсади вохӯриҳо- пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ноболиғон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: