ММТ: Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда натавонистанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба иттилои довталабоне, ки дар давраҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд.
Шакли аризаро довталаб метавонад аз маркази имтиҳонӣ ё Маркази миллии тестӣ дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Пас аз пур кардани шакли ариза довталаб онро ба Маркази миллии тестӣ ё маркази имтиҳонӣ пешниҳод менамояд.
Агар довталаби ариза пешниҳодкарда дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста бошад, новобаста аз қарори комиссияи дахлдор дар бораи ба довталаб иҷозат додан ё надодан барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ, ҳуқуқ дорад, ки дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд. Яъне чунин довталаб метавонад дар санаи дар даъватномааш нишондодашуда дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд.
Инчунин, довталабе, ки дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда, бо сабаби узрнок дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок карда натавонистааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод намояд.
Имтиҳонҳои иловагии қисми А (имтиҳони умумӣ) 18-уми июл ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) 19-уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур то 14-уми июл муқаррар гардидааст.

Tags: