Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Берлини Олмон

26 март  бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мусоидати шаҳрдории шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз-2017 дар толори бузурги Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин бо шукӯҳи хосса баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати  Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Дар таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маводи таҷассумгари фарҳанг ва таърихи  миллӣ, маводи зиёди таблиғотӣ оид ба диёри афсонавӣ ва сайёҳии Тоҷикистони азиз ба маърази иштирокчиён гузошта шуд. Ҳамзамон барои меҳмонон ва ҳаводорони фарҳангу расму оини миллиамон суфраи наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Дар барномаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳангсоз ва сарояндаи шинохтаи кишвар Фахриддини Малик сурудҳо дар васфи Тоҷикистон ҳамчун ватани наврӯз ва баҳори зебои диёрамонро тараннум карда, бо сурудҳои ватандӯстона иштирокчиёнро ба ваҷд овард.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: