Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои бекорхобидаи Сомғор дар шаҳраки нави Сайҳун оби полезиро кушода, ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшиданд. Оби мазкур ба воситаи пойгоҳҳои обрасонии Сайҳун — 1 ва Сайҳун — 2 аз дарёи Сир ба ин мавзеъ оварда шудааст.
Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳҳои обкашии Сумчак — 1 ва Сумчак — 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ гардида, барои амалӣ намудани лоиҳаи азхудкунии мавзеъи Сомғор сохтмони пойгоҳхои обкашии Сайҳун — 1 ва Сайҳун — 2 ба роҳ монда шуда буд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз иқдомҳои бузургу шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи кишвар — азхудкунии дашти ташналаби Сомғор ва бунёди шаҳраки нави Сайҳун мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 24 марти соли 2015 зимни як сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта буданд. Пешвои миллат санги асоси бунёди якчанд иншооти шаҳраки навбунёди Сайҳунро гузошта, ба корҳои обёрӣ ва бунёди боғи интенсивӣ оғоз карда буданд. Дар ин ҷо Сарвари давлат нахуст бо нақшаи шаҳри нав шинос шуда, ба бунёди он асос гузошт ва пешниҳод намуданд, ки он Сайҳун номида шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки Сайҳун ба сохтмончиёну соҳибкорон супориш доданд, ки дар шаҳраки нав биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бояд бо риояи тарҳи миллии меъморӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки онҳо ба мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намоянд.
Иқдоми бунёди шаҳраки нав аз тарафи Сарвари давлат бо назардошти афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, таъмин намудани оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ва азхудкунии заминҳои нав барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути бунёди боғҳои нав дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қариб 15 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида дорад, ба миён гузошта шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ шаҳраки Сайҳун барои истиқомати 40 ҳазор хонавода ё 240 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд мегардад.
То имрӯз масъалаҳои муҳими барасмиятдарории замини ҳудуди шаҳрак, ба воситаи пойгоҳҳои пуриқтидор кашидани хатти оби полезӣ дар ду марҳала ба масофаи 14 километр ва оби нӯшокӣ ба масофаи беш аз 9 километр, хатти барқ ва чароғонкунӣ дар масофаи 6 километр, бунёди роҳҳои асосӣ зиёда аз 11 километр, қубури обпарто ва канали обгузар ба масофаи 4 километр ва маблағгузории корҳои он сари вақт ҳал карда шуд ва сабзазоркунии атрофи иншооту корҳои ободонӣ бомаром идома дорад.
Бояд дар марҳалаи аввал дар майдони 1000 гектар биноҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бунёд шуда, дар маҷмӯъ, дар майдони 3000 гектар 19 маҳаллаи аҳолинишин, 48 муассисаи таълимӣ, 140 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, инчунин бозор ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шаванд. Корҳои сохтмони роҳи маркази шаҳрак идома дошта, соҳибкорону сохтмончиён аллакай таҳкурсии биноҳои баландошёнаи 9-12 ошёна ва коттеҷҳои 2-3-ошёнаро гузошта, корҳои сохтмониро вусъат дода истодаанд. Дар ин муддат дар ҳудуди шаҳраки навбунёд қариб 6 ҳазор оила, яъне қариб 40 ҳазор нафар сокинон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудаанд. Аз рӯи маълумот айни замон аз ҷониби беш аз 1000 оила сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст. Сохтмону мумфаршкунии роҳҳои асосӣ, чароғонкунӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ, сохтмони пойгоҳҳои обкашӣ босуръат давом дорад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи бунёди шаҳраки Сайҳун ташкили шароити хуби фароғатию фарҳангӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар мадди назар қарор дошта, сохтмони 40 адад майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ ва боғи фароғатию истироҳатӣ дар нақша аст. Дар ҳудуди шаҳрак барои сохтмони беморхона 8 гектар ва сохтмони таваллудхона 2 гектар пешбинӣ гардидааст.
Азхудкунии даштҳои бекорхобидаи Сомғору Мирзоработ дар чор марҳила амалӣ карда мешавад. Ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обёрии заминҳои бекорхобида омили асосии татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии оилаҳои эҳтиёҷманд ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди боғҳо бо мақсади афзун намудани иқтидори истеҳсолию содиротии минтақа ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи аввал ба баландии зиёда аз 118 метр ва ба дарозии 4, 7 километр тавассути қубурҳои қутрашон 720 миллиметрӣ аз дарёи Сир об бароварда шуд. Дар доираи азхудкунии дашти ташналаби Сомғор ҳамчунин дар ин мавзеъ дар марҳилаи аввал дар масоҳати 1000 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ба назар гирифта шудааст. Майдони боғоти нав дар оянда ба 7000 гектар расонида мешавад. Боғҳои нав тавассути технологияи муосир бунёд ёфта, бо усули обёрии қатрагӣ нигоҳубин карда мешаванд. Ба андешаи мутахассисон, иклими мавзеи Сомғор барои бунёди боғҳои нав мусоид буда, хусусан парвариши зардолую шафтолу ва сиёҳолу дар ин минтақа мувофиқ мебошад. Аз рӯи маълумоти коршиносон ҷорӣ намудани системаи обёрии қатрагӣ, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафтаи дунё фаровон истифода мешавад, аз чанд ҷиҳат барои деҳқонон манфиатовар аст. Ин усул, қабл аз ҳама, ба сарфаи об ва нуриҳои минералӣ мусоидат мекунад, ки бевосита ба решаи ниҳолҳо ворид карда мешаванд. Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари болооб ба ҳисоб меравад, аз ин тарзи обёри истифода мебарад. Зеро обёрии қатрагӣ сарфаи оби полезиро нисбат ба меъёрҳои маъмул 7 маротиба кам мекунад. Аз ҷониби дигар, ин усул заминро аз шусташавӣ ва эрозия нигоҳ дошта, кори дастии деҳқононро ба маротиб сабук месозад. Агар дар усули анъанавии обёрӣ бо об таъмин намудани ниҳолҳо танҳо дар мавзеъҳои ҳамвор имконпазир бошад, пас бо ин усул имкон аст дар минтақаҳои ноҳамвор ва нишебиҳо низ шинонидани ниҳолҳо ва обёрии онҳо ба роҳ монда шавад.
Мутахассисон инчунин дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи кадастри замин дар бунёди боғоти нав усули навигатсионии GPS (ҶИПИЭС)-ро истифода мебаранд, ки барои соҳаи боғпарварӣ таҷрибаи нав аст. Системаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷои шинонидани ҳар ниҳол бе истифодаи усули ресмонкашӣ ва мехчазанӣ ва дар муддати кӯтоҳ муайян карда шавад. Дар боғҳое, ки бо ин усул бунёд мешаванд, қатори дарахтон ва мувозинати онҳо дуруст риоя мегардад.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат таъкид намуданд, ки боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ яке аз омилҳои муҳимтарини бо ҷойи корӣ таъмин кардани сокинони деҳот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат, бунёди боғу токзори нав ва таъмиру таҷдиди боғҳои мавҷуда яке аз роҳҳои асосии тақвияти иқтидори содиротии кишвар, афзоиши даромади оилаҳо ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар айни замон татбиқи самараноки сиёсати ободониву созандагӣ мебошад.
Президенти мамлакат ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар барору комёбӣ орзу намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати бунёди боғҳои нави шаҳраки Сайҳун ва дашти Сомғор ин макон ободу зебо мегардад ва солҳои наздик даҳҳо корхонаи коркарди мева ба истифода супорида мешаванд ва аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли мева иқтидори содиротии вилоят тақвият меёбад.