Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи Наврӯзи бостонӣ ва хусусиятҳои хосу барҷастаи ин иди ниёгон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст, андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат аз ҷаҳонишавии наврӯз ва минбаъд ба таври густурда ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани оинҳои хоси он ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиён ҳамчун нерӯи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд.

Чун соли 2017 аз ҷониби Президенти мамлакат “Соли ҷавонон” эълон гардидааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аҳли зиё, бояд ташаббусҳои насли ояндасозро дасгирӣ карда, онҳоро ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят намоянд. Вобаста ба фароҳам овардани шароити созгор баҳри зиёиёни ҷавон ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ҳамаи сохторҳои илмиву таълимии кишвар вазифадор шуданд. Тарғиби бузургтарин дастоварди халқи кишвар ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин, забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими аҳли зиё арзёбӣ карда шуд.

Доир ба рушди соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ мегузорад, зарур шумурда шуд, ки аҳли эҷоди кишвар — олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсонсози фарҳанг ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот — Фарҳод Шокиров — Докторанти Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мафтуна Назирова — адиби ҷавон, корманди ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, Моҳпайкар Ёрова — Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Бузургмеҳри Баҳодур — адиби ҷавон, корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Дилшод Раҳимов — Муовини Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Рафоати Файзалӣ — Раиси Шӯрои духтарони Клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ва Набизода Набӣ — Директори муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.

www.president.tj